Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон мегӯянд, "аз касе иҷоза намепурсанд"


Толибони Афғонистон мегӯянд, барои фиристодани намояндаҳояшон барои гуфтӯгуҳои сулҳ ба Қатар аз касе иҷоза напурсидаанд. Ин гурӯҳ бо нашри баёнияe дар торнамои худ гуфтааст, ки “Толибон дар тамоми масоилу умур бо назардошти усули шариат ва манофеъи миллӣ ба хости худ тасмим мегиранд.” Аввали ҳафтаи равон Муҳаммад Содиқ, сафири Покистон дар Афғонистон ба хабаргузории Ройтерс гуфта буд, ки ҳукумати кишвараш аз тарҳи созишномаи сулҳи эҳтимолӣ дар Афғонистонро ҳимоят кардааст ва ин мавқеъ ба баъзе аз аъзои Толибон иҷоза додааст, барои гуфтӯгуҳои эътимодсозӣ барои сулҳ дар Афғонистон ба Қатар сафар кунанд. Амрико умедвор буд, ки бо музокирот дар Қатар бо ширкати Толибон ба сулҳ дар Афғонистон ноил хоҳанд шуд, аммо баъди даст кашидани Толибон аз ин музокирот дар моҳи март ин умедҳо камтар шуд. Гуфта мешавад, ки раҳбарони Толибон дар Покистон паноҳ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG