Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ӯзбакистон сукуташро шикаст ва гуфт...


Давлати Ӯзбакистон расман таъйид кард, ки узвияташ дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро боздоштааст. Хабаргузории “Ҷаҳон”-и тобеъи вазорати умури хориҷии Ӯзбакистон гуфтааст, ки номаи расмӣ дар ин бора рӯзи 20 июн ба котиботи созмон фиристода шуд ва дар он ангезаву сабабҳои мушаххаси қарор зикр шудааст. Ба Паймони Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки Русия дар он нуфузи зиёд дорад, Тоҷикистону Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Ҷумҳурии Белорус низ шомиланд. Ӯзбакистон бори дуввум аст, ки аз ин созмон хориҷ мешавад.
XS
SM
MD
LG