Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон ва Лавров Сурияро баррасӣ хоҳанд кард


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико бо ҳамтои руси худ Сергей Лавров дар шаҳри Санкт Петербург дар бораи ихтилофоти назари ду кишвар дар масъалаи хотимаи низоъ дар Сурия гуфтӯгу мекунад. Қарор аст, рӯзи шанбе дар як конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Женева барномаи сулҳи Кофӣ Анон дар Сурия баррасӣ ва аз ҳамаҷониба ҳимоят шавад. Ин барнома, таъсиси ҳукумати муваққатӣ дар Сурияро дар назар дорад, ки ба он аъзои ҳукумат ва мухолифони он шомил шаванд. Аммо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфтааст, кишвараш ба ҳеҷ гуна фишори хориҷӣ барои истеъфои Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, ҳамроҳ нахоҳад шуд. Гурӯҳҳои мухолифи давлати Сурия гуфтаанд, то замоне, ки Башшор Асад истеъфо надиҳад, ба мусолиҳаи сиёсӣ розӣ нахоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG