Пайвандҳои дастрасӣ

Қиммати саҳҳом дар бозорҳои молӣ боло рафт


Баъди мувофиқати кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо барои кӯмак ба бонкҳо ва сабуктар кардани қарзгирӣ барои Итолиё ва Испониё, қиммати саҳҳом дар бозорҳои молӣ боло рафт. Сарони 17 кишвари ҳавзаи евро мувофиқат карданд, ки барои монеъ шудан ба амиқрафти бӯҳрони молӣ дар ин ҳавза кӯмакҳои молӣ мустақиман ба бонкҳои мӯҳтоҷу дармонда дода шавад. Айни замон онҳо ба созиш расиданд, ки як ниҳоди муштараки нозир бар фаъолияти бонкҳо таъсис дода шавад. Қарорҳои нишасти сарони кишварҳои ҳавзаи евро дар шаҳри Брюссел ҳамчунин роҳро барои додани қарзҳои фаврӣ ба Испониё ва Итолиё боз мекунад, ки нигарониҳо аз вазъи молии онҳо низ зиёд аст.
XS
SM
MD
LG