Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари вазири умури хориҷаи Ҳиндустон ба Тоҷикистон


Вазири умури хориҷии Ҳиндустон бо як сафари корӣ ба Душанбе хоҳад омад.

Соманахалли Маллайя Кришна дар ҷараёни сафари ду рӯзаи худ, ки ба таърихи 2 ва 3-юми июл сурат мегирад дидору мулоқотҳоеро бо ҳамтои тоҷикаш Ҳамроҳхон Зарифӣ ва раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон анҷом хоҳад дод. Интизор меравад, вазири умури хориҷии Ҳиндустон дар ин дидорҳо масоили марбут ба ҳамкориҳои ду кишвар ва вазъи минтақаро ба баррасӣ бигирад.

Соманахалли Маллайя Кришна ҳамчунин дар конфронси минтақавии сафирони Ҳиндустон дар минтақаи Авруосиё, ки бо ҳузури 11 кишвар – Русия, Украин, Белорус, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Узбакистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад, суханронӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG