Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

EURO-2012: Испания ва Италия – дар финал


Дастаи мунтахаби Италия, ки дар нимфинали Ҷоми Аврупо-2012 бар Олмон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд, ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт.

Бозии дувуми ниманиҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Аврупо миёни дастаҳои мунтахаби Олмон ва Италия шаби 28-уми июн дар пойтахти Лаҳистон - шаҳри Варшава баргузор шуд.

Олмон – Италия 1:2 (0:2)
0:1 - Балотелли (20), 0:2 – Балотелли (36), 1:2 - Озил (90+2, аз пеналтӣ).
Олмон: Нойер, Ҷ. Боатенг (Мюллер, 71), Ҳуммелс, Бадштубер, Лам, Швайнштайгер, Ҳедира, Кроос, Озил, Подолски (Ройс, 46), Гомес (Клозе, 46).
Италия: Буффон, Балдзаретти, Бардзали, Бонуччи, Кйеллини, Пирло, Маркизио, Монтоливо (Т. Мотта, 64), Де Росси, Балотелли (Ди Натале, 70), Кассано (Диаманти, 58).

Огоҳонида шуданд: Балотелли (37), Бонуччи (60), Де Росси (84).

Ҳамин тариқ, Италия дар бозии ниҳоӣ рӯзи 1-уми июл дар варзишгоҳи “Олимпӣ”-и шаҳри Киев бо Испания, қаҳрамони феълии ҷаҳон ва Аврупо, рақобат хоҳад кард.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Алан Дзагоев (Русия), Марио Гомес (Олмон), Марио Манҷукич (Хорватия),Криштиан Роналду (Португалия) ва Марио Балотелли (Италия) бо 3-голӣ пешсафанд. Аз рӯи нишондоди гол+пас Марио Гомес, Криштиан Роналду бо натиҷаи якхелаи 4 (3+1) дар ҷойҳои якуму дувум ва Месут Озил (Олмон) 4 (1+3) дар ҷойи севум мебошанд.
XS
SM
MD
LG