Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, таъйид кард, ки Эрон ба конфронси байнулмилалӣ оид ба авзоъ дар Сурия даъват нашудааст.

Ин нишаст рӯзи шанбе дар Женева баргузор мешавад. Бархе хабаргузориҳо навиштанд, ки Кофӣ Аннон, фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб дар умури Сурия, мехост ба конфронс ҳайати Эрон, кишвари ҳампаймону ҳамсояи Сурияро низ даъват кунад, аммо мансабдорони амрикоӣ ба ин мухолифат карданд ва гуфтанд, ки дар ин сурат онҳо дар конфронс ҳозир нахоҳанд шуд.

Вазири умури хориҷии ИМА Ҳилларӣ Клинтон изҳори умедворӣ намуд, ки нишасти Женева “як чархиши муҳим дар ҳалли бӯҳрони Сурия” хоҳад шуд.

Бан Ки Мун дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Ню-Йорк гуфт, ки “мавзӯи ширкати Эрон дар ин нишасти гурӯҳи ташаббускор бо ҷонибҳои манфиатдор баррасӣ шуд ва ҷаноби Аннон дар ин масъала бо чанд кишвари калидӣ машварат кард”. Ӯ афзуд, “ҷонибҳо дар бораи ширкати Эрон ба ин созиш расиданд, ки Кофӣ Аннон чун фиристодаи вижа, ҳукумати Эронро аз натоиҷи баррасиҳо дар Женева хабардор мекунад”.

Хабаргузориҳои ғарбӣ таъкид мекунанд, ки Эрон ба режими Башор Асад кӯмаки низомиву стратегӣ мекунад. Аммо сафири Эрон дар СММ Муҳаммад Хазаӣ ин иддаоро рад кард ва, дар навбати худ, хориҷиёнро дар доман задани оташи ҷанг дар Сурия айбдор намуд. Ӯ ба хабарнигорон ҳамчунин гуфт, ки Эрон омода буд дар низои Сурия нақши миёнҷигарро бозад, зеро, ба гуфтаи сафир, аз бонуфузтарин кишварҳои минтақа аст. Ва агар гурӯҳҳое намехоҳанд аз нуфуз ва нақши созандаи Эрон истифода кунанд – ин мушкили онҳост, афзуд дипломати эронӣ.

Рӯзи панҷшанбе як мансабдори амрикоӣ бидуни ифшои ному насабаш изҳор намуд, ки кишварҳои ҷаҳонӣ ба шумули Русия тарҳи интиқоли қудрат дар Сурияро пазируфтанд. Дар ин санад аз Башор Асад даъват шудааст, ки мақомашро тарк намояд, то дар Сурия ҳукумати ваҳдати миллӣ таъсис шавад.

Вале Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, инро рад кард ва гуфт, ки Маскав аз ягон дахолати беруна ба умури Сурия пуштибонӣ нахоҳад кард. Аз ин пеш Русия ба ду қатъномаи Шӯрои амнияти СММ, ки дар онҳо эъмоли таҳримҳои шадид алайҳи режими Асад пешбинӣ шуда буд, вето гузошт. Маскав ҳамчунин эълом дошт, ки ба ҳама талошҳои кишварҳои хориҷӣ барои ба истеъфо водор сохтани Башор Асад мухолифат хоҳад кард.

Сергей Лавров рӯзи панҷшанбе маҳрумсозии Эрон аз ширкат дар нишасти Женеваро “иштибоҳ” номид.

Нишасти Женева дар ҳоле баргузор хоҳад шуд, ки хушунат дар Сурия идома дорад. Рӯзи гузашта бар асари задухӯрдҳо дар шаҳрҳои гуногуни кишвар 11 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башар, мавзеъҳои атрофи Димишқ, шаҳрҳои Дайр Аззор, Ҳарак ва вилоятҳои Ҳумсу Идлиб ба саҳнаи даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ табдил ёфтанд.

Бар пояи маълумоти СММ, аз шурӯи эътирозҳои густарда дар Сурия дар 15 моҳи пеш дар ин кишвар тақрибан 15 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG