Пайвандҳои дастрасӣ

"Музокироти шабона" дар Брюссел муваффақ поён ёфт


Сарони кишварҳои узви "минтақаи евро" дар музокироти шабона дар Брюссел дар мавриди таҳкими минбаъдаи минтақа ва чораҳои фаврӣ ба хотири кӯмак ба Испанияву Италия ба созиш расиданд. Дар ин бора дар нишасти хабарӣ пас аз анҷоми гуфтушунидҳо раиси Иттиҳодияи Аврупо Ҳерман ван Ромпей ва раиси Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозу иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи онҳо, тасмим гирифта шудааст, ки маболиғи Бунёди аврупоии эътидоли молиявӣ метавонад барои афзоиши сармояи бонкҳои аз бӯҳрон осебдида истифода шавад. Ин пешниҳоди Испания буд, ки системи бонкияш ба хатари ҷиддӣ мувоҷеҳ шудааст. Ба Италия ҳам дар робита ба пойин бурдани фойизи бурсҳояш кӯмак расонда хоҳад шуд. Мадрид ва Рум, дар навбати худ, барои пуштибонӣ аз бастаи чораҳои рушди иқтисодӣ дар ҳаҷми 120 миллиард евро розӣ шуданд. Ин баста қаблан аз сӯи дигар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо пазируфта шуда буд.

Имрӯз баррасии чораҳои мубориза бо бӯҳрон бо ширкати сарони ҳамаи 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG