Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи баҳсҳо оид ба бӯҳрони қарзӣ дар нишасти Брюссел


Нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел имрӯз идома хоҳад кард. Қарор аст, ки аҳли нишаст доғтарин мавзӯи моҳҳои ахир – бӯҳрони молиявиро баррасӣ кунанд. Дирӯз дар ин ҷаласа хабар дода шуд, ки барои сармоягузорӣ дар бахшҳои нақлиёт, энерҷӣ ва фанновариҳои рақамӣ 5 миллиард евро тахсис дода мешавад.

Дар рӯзи аввали нишаст Муоҳида оид ба рушди иқтисод ва шуғли аҳолӣ низ ҳамоҳанг шуд. Раиси Иттиҳодияи Аврупо Ҳерман ван Ромпей хабар дод, ки барои ин аҳдоф 120 миллиард евро ҷудо карда мешавад. Ин санад бояд то охири соли равон ба ҳукми қонун ворид шавад.

Бар пояи хабарҳо, имшаб бо хоҳиши Италия ва Испания музокироти фаврии раҳбарони кишварҳои узви минтақаи евро сурат гирифт. Дар ин бора Франсуа Олланд, раисиҷумҳури Фаронса, хабар дод ва гуфт, ки қарор буд, ки ин музокирот шоми ҷумъа сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG