Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бан Ки Мун: Эрон ба нишасти Женева даъват нашудааст


Бан Ки Мун

Бан Ки Мун

Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, тайид кард, ки Эрон ба конфаронс оид ба авзоъ дар Сурия даъват нашудааст. Қарор аст, ки ин нишаст рӯзи шанбе дар Женева баргузор шавад. Бан Ки Мун гуфт, ки қарор аст фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳодияи кишварҳои араб оид ба Сурия Кофӣ Аннон мақомоти Эронро бо натоиҷи ин нишаст ошно кунад.

Рӯзи гузашта бар асари задухӯрдҳо дар шаҳрҳои гуногуни Сурия 11 нафар ба ҳалокат расиданд. Мавзеъҳои атрофи Димишқ, шаҳрҳои Дайр аз-Зор, Ҳарак ва вилоятҳои Ҳумсу Идлиб ба саҳнаи даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ табдил шуданд. Дирӯз дар канори бинои Кохи Адолат дар Димишқҳам таркиш рӯй дод ва аммо дар бораи қурбониёну осебдидагон дар ин ҳодиса иттилое нест.

Дар ҳамин ҳол Туркия марзҳояш бо Сурияро бо нерӯҳои иловагӣ таҳким мебахшад. Ба иттилои хабарнигори Озодӣ, ба манотиқи марзӣ қисмҳои тонкиву тӯпхона ва таҷҳизоти зидди ҳамлаи ҳавоӣ интиқол меёбанд.

Мақомоти Туркия мегӯянд, ки ҳадафашон – посухи сазовор додан ба дасисаҳои эҳтимолӣ аз сӯи Сурия аст.
XS
SM
MD
LG