Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Тоҷикистон рӯзи офтобӣ хоҳад буд


Имрӯз баъд аз зӯҳр дар шаҳри Душанбе каме борон меборад ва аммо шом ҳаво соф хоҳад шуд, аз 25 то 30 дараҷа гарм мешавад. Дар осмони Хуҷанд офтоб нурафшон хоҳад буд, аз 29 то 35 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ ҳавои офтобӣ дар назар аст, то 34 дараҷа гарм мешавад. Ҳамин гуна ҳавои софу беғубор дар шаҳри Хоруғ ҳам пешгӯӣ шудааст, ҳарорат дар ин ҷо то 23 дараҷа боло меравад. Дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ҳаво соф хоҳад буд, фақат дар баъзе мавзеъҳои Тавилдараву Рашт ва водии Ҳисор каму беш борон меборад, ҳарорат аз 19 то 30 дараҷа гарм мешавад.
XS
SM
MD
LG