Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Бораи Покистон 7 тан аз сарбозҳо ҷон бохтанд


Дар шимолу ғарби Покистон бар асари таркиши минаи рӯи раҳ дасти кам 7 сарбози ҳукуматӣ ба ҳалокат расида, ду нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳодиса дар мавзеи Бора, воқеъ дар наздикиҳои марз бо Афғонистон, рӯй дод.

Масъулияти ҳодисаро гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст. Дар ин минтақаи Покистон пойгоҳҳои толибон ҷойгиранд ва аз ин рӯ ҳамлаҳо ба сарбозони ҳукуматӣ зиёд рӯй медиҳанд.
XS
SM
MD
LG