Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати боз 11 нафар дар задухӯрдҳо дар Сурия


Рӯзи гузашта бар асари задухӯрдҳо дар шаҳрҳои гуногуни Сурия 11 нафар ба ҳалокат расиданд. Мавзеъҳои атрофи Димишқ, шаҳрҳои Дайр-аз-Зор, Ҳарак ва вилоятҳои Ҳумсу Идлиб ба саҳнаи даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ табдил шуданд.

Дирӯз дар канори бинои Кохи Адолат дар Мишқ ҳам таркиш рӯй дод ва аммо дар бораи қурбониёну осебдидагон дар ин ҳодиса иттилое нест.

Дар ҳамин ҳол Туркия марзҳояш бо Сурияро бо нерӯҳои иловагӣ таҳким мебахшад. Ба иттилои хабарнигори Озодӣ, ба манотиқи марзӣ қисмҳои тонкиву тӯпхона ва таҷҳизоти зидди ҳамлаи ҳавоӣ интиқол меёбанд. Мақомоти Туркия мегӯянд, ки ҳадафашон – посухи сазовор додан ба дасисаҳои эҳтимолӣ аз сӯи Сурия аст.
XS
SM
MD
LG