Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Барои унвони қаҳрамони Аврупо оид ба футбол дастаҳои Италия ва Испания мубориза мебаранд.

Шоми панҷшанбе италиявиҳо дастаи Олмонро бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст дода, соҳиби роҳхати дуюм ба бозии ниҳоии Евро-2012 шуданд. Дар қисми аввали бозӣ ҳамлагари Италия Балотеллӣ ду бор тӯбро вориди дарвозаи Олмон кард. Дар вақти иловагии бозӣ футболбози олмонӣ Масъуд Узил аз ҷаримаи ёздаҳметра як гол зад.

Аз ин пеш дастаи Испания аз болои дастаи Португалия бо ҳисоби 4 бар 2 (баъди зарбаҳо аз ёздаҳ метр) пирӯз шуда буд.

Бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои Испания ва Италия рӯзи якшанбе дар шаҳри Киев баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG