Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи панҷшанбе президенти Сербия Томислав Николич ба раҳбари ҳизби сотсиалисти ин кишвар Ивитса Дачич ваколати ташкили ҳукумати нави Сербияро тақдим кард. Николич раҳбари ҳизби пешрафти муттафиқи ҳизби сотсиалисти Сербия аст.
Ҳамин тариқ барои аввалин бор аз замони барканории президенти собиқи Сербия Слободан Милошевич дар ин кишвар эътилофи миллатгароҳову сотсиалистон сари қудрат омад. Дар интихоботи умумии моҳи май ҳизби Николич ва ҳизби демократи собиқ президенти серб Борис Тадич беш аз дигар аҳзоби ин кишвар овоз ҷамъ карданд, вале он барои ташкили ҳукумат кофӣ набуд.
Ибтидо Дачич мақсад дошт бо демократҳо эътилоф созад, вале вақте маълум шуд, ки дар интихоботи президенти Тадич ноком шудааст, ӯ мувофиқат кард, ки ҳизби сотсиалсти зери назораташ бо ҳизби Николич эътилоф барпо намояд.
XS
SM
MD
LG