Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашт ба Ҳиндустон баъди 31 соли ҳабс


Як марди ҳиндӣ баъди беш аз 30 соли ҳабс дар Покистон аз зиндон раҳо шуд. Сурҷит Сингҳи 69 сола дар соли 1981 бо ҷурми ҷосусӣ ба нафъи Ҳиндустон дастгир шуда, дар зиндони шаҳри шарқии Лоҳур нигаҳдорӣ мешуд. Маъмурони низоми адлияи Покистон мегӯянд, Сингҳ як ҳабси ҳаётиро пушти сар кардааст ва акнун метавонад ба ватанаш баргардад. Баъзан мақомоти Покистону Ҳиндустон шаҳрвандони ҳамдигарро аснои убури ғайриқонунии марз боздошт намуда, бо ҷосусӣ муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG