Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Клинтон ба Латвия меравад


Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон

Рӯзи панҷшанбе дар чорчӯби зиёрат аз мамолики Аврупо котиби давлатӣ ё худ вазири корҳои хориҷии ИМА хонум Ҳилларӣ Клинтон ба Латвия ташриф оварда, дар шаҳри Рига бо мансабдорони воломақом ва пешвоёни ҷамоаи шаҳрвандии ин кишвар дидору гуфтугӯ хоҳад дошт. Рӯзи ҷумъа дар шаҳри Санкт Петербург Клинтон бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бӯҳрони Сурияро баҳс мекунад. Бӯҳрони Сурия ҳамчунон рӯзи шанбе дар як нишасти байналмилалӣ дар Женева арзёбӣ хоҳад шуд. Клинтон изҳори умед мекунад, ки ин мулоқот ба як гардише дар бӯҳрони Сурия табдил меёбад.
XS
SM
MD
LG