Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба армрестлинг ё дастхобонӣ дар Эрон 21 медал ба даст оварданд.

Ба иттилои Фарҳод Султонов, раиси Федератсияи армспорти Тоҷикистон, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни бузургсолон, навҷавонон, собиқадорону маълулон, ки дар шаҳри Гургони Эрон баргузор шуд, варзишгарони 10 кишвар – Индонезия, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Чин, Ҷопон, Ҳиндустон ва Эрон ширкат доштанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо касби 10 медали тилло, 5 нуқра ва 6 биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ пас аз тимҳои Эрон, Қазоқистон ва Узбакистон дар ҷои чаҳорум қарор гирифт.

Акмал Қодиров дар сабқати варзишгарони маълул дар вазни беш аз 90 кг байни мардон дар рақобатҳои инфиродӣ ҳам бо дасти рост ва ҳам бо дасти чап ду медали тилло ба даст овард. Вай, инчунин, дар сабқати бузургсолон бо дасти рост соҳиби медали нуқра гардид.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Аҳлиддин Ҳасанов дар вазни то 60 кг бо дасти рост бар ҳамаи ҳарифони худ пирӯз шуда, бо медали тилло сарфароз гашт. Вай дар рақобатҳо бо дасти чап медали биринҷӣ гирифт.

Натоиҷи ба даст овардаи варзишгарони дигари тоҷик чунин аст: Хуршед Исматов (55 кг, бузургсолон) – медали тилло бо дасти рост, биринҷӣ бо дасти чап; Фирдавс Муҳадиёров (75 кг, бузургсолон) — биринҷӣ бо дасти рост; Фаррух Комилов (миёни наврасон) – нуқра, Фарҳод Комилов (байни ҷавонон) – медалҳои нуқра ва биринҷӣ; Фахриддин Носиров (85 кг, устодони аз 40-сола боло) - биринҷӣ бо дасти рост; Фарҳод Султонов (100 кг) – нуқра бо дасти рост ва миёни устодони бузург, 100 кг — тилло бо дасти рост; Зокирҷон Комилов (100 кг) – ду медали тилло бо дасти рост ва чап; Ҳусайнҷон Қурбонов (75 кг) – тилло бо дасти рост, биринҷӣ бо дасти чап, инчунин, дар байни варзишгарони синнашон аз 60-сола боло – ду медали тилло бо дасти рост ва чап.

Ба иттилои Фарҳод Султонов варзишгарони тоҷик барои ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии армрестлинги ҷаҳон, ки аз 12-ум то 21-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Сан-Паулуи Бразилия баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG