Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия назорати марз бо Сурияро таҳким мебахшад


Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар ифтитоҳи маркази тамрини халабонҳо иштирок кард. 27.06. 2012

Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар ифтитоҳи маркази тамрини халабонҳо иштирок кард. 27.06. 2012

Телевизиони давлатии Туркия хабар медиҳад, ки низомиёни ин кишвар дар марз бо Сурия силоҳи зиддиҳавоӣ ҷойгир мекунанд. Рӯзи ҷумъаи гузашта Сурия як ҳавопаймои ҷангии Туркияро сарнагун карда буд.
Ҳафтаи равон паймони НАТО дар як нишасти хос ин ҳодисаро баррасӣ намуд. Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон мегӯяд, кишвараш ба таҳдидҳои нерӯҳои Сурия дар марзи миёни ду кишвар таҳаммул нишон нахоҳад дод.
Эрдуғон афзуд, дар ҳамин авохир чархболҳои ҷангии Сурия панҷ дафъа ба ҳарими ҳавоии Туркия убур карда буданд. Бар илова тибқи гузоришҳои расида тӯпхонаи Сурия ба тарафи урдугоҳҳои паноҳандагони Сурия дар хоки Туркия оташ кушода буд.
XS
SM
MD
LG