Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА фурӯши доруи зидди фарбеҳиро тасдиқ кард


Барои аввалин бор дар 13 соли гузашта Идораи беҳдоштии ИМА доруи гум кардани вазнро тасдиқ кард. Дар ҳоле ки ҳомиёни тарзи зиндагии солим аз афзоиши шумораи афроди фарбеҳ шикоят мекунанд, Идораи Ғизо ва Доруи ИМА ба ширкати Арена Фармасютикалз (Arena Pharmaceuticals) иҷозат дод, доруи Белвикро дар бозор муаррифӣ кунад.
Мақомоти ИМА бовар доранд, миллионҳо сокини ин кишвар, ки аз фарбеҳӣ азият кашида, дар орзуи гум кардани вазн мебошанд, дар пайи харидории ин дору хоҳанд шуд. Аз ин рӯ, бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои ғайричашмдошт ин даво фақат баъди тасдиқи табибон фурӯхта мешавад.
XS
SM
MD
LG