Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Роҳи пулакии Душанбе-Чаноқ: "Ҷанг"-и IRS бо БДА


Акс аз торнамои ширкати IRS.

Акс аз торнамои ширкати IRS.

Ширкати IRS дар баёнияе аз "фаъолият"-и нозирони БДА дар роҳи пулакии Душанбе-Чаноқ изҳори ташвиш кардааст.

Ширкати IRS (Инноватив Роуд Солюшнз) аз ҳамаи онҳое, ки дар роҳи Душанбе-Чаноқ ҳаракат мекунанд, хостааст, ба маҳзи дидани нозирони БДА ё ГАИ дар ин масир ба телефони ширкат занг зада ва дар ин бора хабар диҳанд. IRS, ки назорати ин ягона роҳи пулакии кишварро дар даст дорад, аз ташкили дидбонгоҳҳои милисаи роҳ дар қисматҳои гуногуни шоҳроҳ изҳори нигаронӣ кардааст.

Бино бар шартномаи байни IRS ва ҳукумати Тоҷикистон, таъсиси посгоҳи ГАИ дар ин роҳ манъ аст ва Аслиддин Шамиров, намояндаи ширкат ба Радиои Озодӣ мегӯяд: "Шикоятҳо ҳоло ҳам давом доранд. Шикоятҳо аз ҷониби истифодабарандагони роҳ дар мавриди он ки бенаряд дар роҳҳо меистанд ё бо мошини шахсӣ мераванду посгоҳҳо ташкил мекунанд. Ҳол он ки фақат ба тариқи патрулированний, ба тариқи гашт, барояшон иҷоза ҳасту халос. Мо бо роҳбарияти Раёсати бозрасии давлатӣ ҳамсӯҳбат шудем, онҳо аз вазъият огоҳанд ва супориш ҳаст, ки танҳо ба тариқи гашт кормандони ГАИ бояд назорат баранд."



Аммо Файзулло Назаров, навбатдори қисми бозрасии идораи БДА-и ҷумҳурӣ даъвои ширкати IRS-ро беасос номид ва гуфт, шояд барои таъмини оромии ҷашни рӯзи "Ваҳдат" то андозае дар ин ҷода низ назорат аз ҷониби кормандони ГАИ пурзӯр шуда бошад, вале амалан кадом дидбонгоҳи алоҳида дар ин масир ташкил нашудааст: "Танҳо дар рӯзҳои 26-27--уми июн бахшида ба таҷлили иди "Ваҳдат" агар то тарозуи IRS ба таври муваққат дидбонгоҳ нашуда бошад, дигар нест. Вале ҳар як шикоят бояд мушаххас ва далел дошта бошад ва муайян кунад, ки дар кадом миинтақа аст, ки нисбати онҳо мо чора бинем."

Ин масъули идораи ГАИ-и Тоҷикистон гуфт, дар сурати ошкор шудани далелҳои мушаххас дар ин бора, гунаҳкорон ҷазо хоҳанд гирифт. Манъи таъсиси посгоҳи милисаи роҳ дар масири Душанбе-Чаноқ ба ин маънӣ нест, ки ҷодаи мазкур аз назорати БДА берун аст. Кормандони он метавонанд, ҳаракат дар роҳро назорат кунанд, вале дидбонгоҳи алоҳида таъсис дода наметавонанд. Аммо изҳороти ширкати "Инноватив Роуд Солюшнз” пурсишеро халқ кардааст, ки то куҷо хабарҳои таъсиси посгоҳҳо ҳақиқат доранд. Инро беҳтар аз ҳама ронандагон медонанд. Яке аз онҳо, Маҳмуди Абдуҷаббор, ки нимирӯзии панҷшанбеи 28-уми июн аз сари ағбаи Шаҳристон бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, дар чанд қисмати роҳ посгоҳҳои ГАИ-ро дидааст: "Мисол, кормандони ГАИ дар як пост аз ман 15 ва дар пости дигар 10 сомонӣ гирифтанд. Аз мошинҳои хурд ҳам 5-7 сомонӣ бо ҳар баҳона мегиранд. Онҳо бо мошинҳои худ дар Истаравшан меистанд, дар Хуҷанд, дар Айнӣ, дар Чорбоғи Истаравшан ва дар Варзоб меистанд."

Маҳмуд, ронандаи КамАЗест, ки аз Қӯрғонтеппа ба роҳ афтода, ба самти Хуҷанд меравад, тасдиқ кард, ки ронандагони зиёде аз ин амали кормандони ГАИ шикоят мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки сар аз 1-уми апрели соли 2010-ум роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ бо қарори ҳукумати Тоҷикистон пулакӣ шуд ва зери назорати ширкати IRS гузашт. Ин ширкат дар хориҷ аз Тоҷикистон сабти ном шуда, бо қарори порлумони кишвар аз имтиёзҳои махсус бархӯрдор аст. Аз ҷумла, ширкат на танҳо худи роҳ, балки ҳошияи ду тарафи онро низ зери назорат дорад. Бархе аз нашрияҳои Тоҷикистон навиштанд, ширкати мазкур ба афроди бонуфуз ва наздикони раисиҷумҳур рабт дорад. Яке аз домодони президенти Тоҷикистон, муовини аввали вазири молия Ҷамолиддин Нуралиев дар як нишасти хабарӣ ҳама гуна пайванди худро ба ин ширкат расман рад кардааст.

Дар изҳороти ахираш ширкат аз сокинони масири Душанбе-Чаноқ ҳамчунин хостааст, аз ҳама гуна сохтмон дар шафати роҳ низ онро хабардор кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG