Пайвандҳои дастрасӣ

Вакилони порлумони Тоҷикистон ба таътил мераванд


Имрӯз, 28-уми июн, рӯзи охирини фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагон қабл аз таътили тобистона аст. Ба иттилои дафтари матбуоти порлумони Тоҷикистон, рӯзи 29-уми июн иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон баргузор хоҳад шуд ва баъд аз он вакилон барои се моҳ ба таътили тобистона мераванд.

Гуфта мешавад, дар ҷасалаи охирин Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, суханронӣ ва аз фаъолияти солонаи Маҷлиси намояндагон натиҷагирӣ хоҳад кард. Ҳамчунин, дар ин ҷаласа чанд санади дигар низ баррасӣ хоҳад шуд.

Замони мураххасии вакилони парлумон аз 1-уми июл шурӯъ шуда ва то нимаҳои моҳи август идома хоҳад кард, аммо ба дунбол вакилон бо интихобкунандагони худ дидору мулоқот анҷом хоҳанд дод. Дафтари матбуоти порлумон мегӯяд, иҷлосияи чаҳоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ибтидои моҳи октябр ба кор шурӯъ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG