Пайвандҳои дастрасӣ

Рекорди Владислава Овчаренко баъд аз 28 сол


Владислава Овчаренко

Владислава Овчаренко

Шумораи варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои сиюми тобистонаи олимпӣ дар Лондон ширкат хоҳанд кард, то ҳоло 15 нафар мебошад.

Ахиран даванда Владислава Овчаренко бо тасмими муштараки Кумитаи байналмилалии олимпӣ, Федератсияи байналмилалии варзиши сабук ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Лондон мушарраф шуд. Владислава Овчаренко, ки даҳ сол инҷониб ба давидан машғул аст, 18-уми декабри соли 1986-ум дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 2005-ум мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 9-и пойтахти кишвар, баъдан факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро хатм кардааст.

Владислава мегӯяд, замоне ки дар синфи 8-ум таҳсил мекард, Рустам Абдуллоев, мураббии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук ба ӯ гуфтааст, то ба давидан машғул шавад: "Аз соли 2002-юм ба давидан шурӯъ намудам. Он замон дар мактаби рақами 9 таҳсил мекардам ва дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ дар мактаб хуб медавидам. Чун Рустам Абдуллоев ба гурӯҳи нави варзишгарон довталабонро меҷуст, аз мактабамон маро ба ӯ тавсия доданд. Аз он замон ҷиддан ба давидан машғул шудам."



Владислава Овчаренко моҳи майи соли равон дар мусобиқаи кушодаи Ҷоми Узбакистон дар Тошканд дар давидан ба масофаи 200 метр миёни занон барандаи медали биринҷӣ шуд ва рекорди нави Тоҷикистонро гузошт. Натиҷаи нишондодаи ӯ 24,24 сония мебошад. Вай рекорди пешини Тоҷикистонро, ки як моҳ пеш худи ӯ дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар дар шаҳри Душанбе гузошта буд, 0,25 сония беҳтар кард.

Владислава, инчунин, дар шаҳри Тошканд дар давидан ба масофаи 100 метр бо натиҷаи 11,39 сония мақоми чаҳорумро касб намуд ва рекорди шахсӣ гузошт. Ӯ пас аз ин дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон натиҷаашро боз ҳам беҳтар кардааст. Вай масофаи 100 метрро дар муддати 11,91 сония ва масофаи 200 метрро дар зарфи 24 сония тай карда, меъёри устоди варзиши дараҷаи байналмилалиро ба ҷо овардааст: "Ҳоло барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Алматии Қазоқистон тайёрӣ мебинам, ки охири ҳамин моҳ баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа бисёр варзишгарони ҳирфаӣ ширкат хоҳанд кард ва ба даст овардани ҷоиза бисёр мушкил хоҳад буд. Бинобар ин мақсаде, ки дар пеши худ гузоштаам, ин ҳадди ақал беҳтар кардани натиҷаҳои варзишии худам аст."

Владислава афзуд, дар Тоҷикистон варзишгарони ояндадор дар риштаи варзиши сабук ҳастанд, вале онҳо дастгирӣ намеёбанд. Худи ӯ бо вуҷуди ба даст овардани чунин натиҷаҳои баланди варзишӣ аз ягон ҷониб кӯмаки молӣ намебинад ва то ҳол сарпарасте надорад. Вай иброз дошт, ҳатто хонаи либосивазкуниро, ки мо дар он ҷо ҳамроҳаш сӯҳбат доштем, ӯ ва дигар варзишгарон бо пули худашон таъмир кардаанд.

Рустам Абдуллоев, мураббии Владислава мегӯяд, квотае, ки Федератсияи байналмилалии варзиши сабук барои иштирок дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Лондон ба ӯ дод, осон ва муфт ба даст наомадааст, балки Власдислва бо талошҳои зиёд ва натиҷаҳои хуби варзишӣ ба он сазовор гаштааст: "Натиҷаҳое, ки Владислава нишон дод, дар таърихи 28 соли ахири Тоҷикистон назир надорад. Мо дар бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Лондон ҳадди ақал умед дорем, ки Владислава рекорди Тоҷикистонро дар давидан боз ҳам беҳтар кунад."

Ҷаноби Абдуллоев гуфт, шароити тамрин барои варзишгарони сабук мусоид нест. Ҳамаи сафарҳои варзишгарон ба хориҷи кишварро танҳо Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олӣ оид ба варзиши сабук пардохт менамояд ва ин хароҷотҳо барои мактаб гаронӣ мекунад. Бинобар ин, варзишгарон ба хотири сарфаи маблағ ба мусобиқаҳо танҳо, бе мураббиашон сафар мекунанд ва дар бархеи дигар, умуман, иштирок намекунанд. Ҷаноби Абдуллоев, инчунин, иброз дошт, ягона варзишгоҳи Тоҷикистон, ки барои давидан пайроҳаҳои сунъӣ дорад, таъмирталаб аст. Зеро пайроҳаҳои резинии Варзишгоҳи марказии Душанбе, ки нӯҳ сол пеш насб шуда буданд, ҳоло хеле фарсудаву корношоям гаштаанд.
XS
SM
MD
LG