Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се мусофир дар Искандаркӯл


Тибқи иттилои Кумитаи вазъи фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 27-уми июн се нафар дар Искандаркӯл ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд. Он гуна ки Орифҷон Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, гуфт, "ин ҳодиса соати 12-у 40 дақиқаи рӯзи чоршанбе дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Фондарё, аз сӯи ронандаи худрави тамғаи "НИВА" рақами давлатиаш АЕ 37 08 02 РТ, ки мошинашро идора карда натавонистааст, рух дод."

Нозимов мегӯяд, пас аз ҷустуҷӯи маъмурони наҷот танҳо дар соати 18-у 30 дақиқа ҷасади ғарқшудагон аз дарё ёфт ва ба шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Айнӣ супордада шуданд.
XS
SM
MD
LG