Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Аврупо-2012: Испания ба финал баромад


Дастаи мунтахаби Испания, ки дар нимфинали Ҷоми Аврупо-2012 бар Португалия пирӯз шуд, ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт.

Бозии аввали ниманиҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Аврупо миёни дастаҳои мунтахаби Португалия ва Испания шаби 27-уми июн дар шаҳри Донетски Украина баргузор шуд. Замони асосии бозӣ ва 30 дақиқаи вақти иловагӣ бидуни гол хотима ёфт.

Тақдири бозиро силсилаи зарбаҳои 11-метра ҳал кард. Мунтахаби Испания бо ҳисоби 4:2 ғолиб шуд ва ба финал баромад. Ҳамин тариқ, Испания, қаҳрамони феълии ҷаҳон, дар бозии ниҳоӣ рӯзи 1-уми июл дар варзишгоҳи “Олимпӣ”-и шаҳри Киев бо ғолиби бозии дувуми ниманиҳоӣ – Олмон – Италия, ки имшаб, 28-уми июн, дар Варшава барпо мегардад, рақобат хоҳад кард.

Португалия – Испания – 0:0 - замони асосӣ ва изофӣ, аз рӯи пеналти - 2:4.

Силсилаи пеналти - 0:0 (Алонсо, дарвозабон баргардонд), 0:0 (Моутиню, дарвозабон баргардонд), 0:1 (Инйеста), 1:1 (Пепе), 1:2 (Пике), 2:2 (Нани), 2:3 (Рамос), 2:3 (Алвеш, ба тири дарвоза бархӯрд), 2:4 (Фабрегас).

Португалия: Патрисиу, Жоау Перейра, Пепе, Алвеш, Коэнтрау, Велозу (Куштодиу, 106), Мейрелеш (Варела, 113), Моутиню, Нани, Роналду, Угу Алмейда (Оливейра, 81).

Испания: Касиляс, Арбелоа, Пике, Рамос, Алба, Бускетс, Хавӣ (Педро, 87), Алонсо, Силва (Навас, 60), Инйеста, Негредо (Фабрегас, 54).

Огоҳонида шуданд: Рамос (40), Коэнтрау (45), Бускетс (60), Пепе (61), Жоау Перейра (64), Арбелоа (83), Алвеш (86), Велозу (90), Алонсо (113).

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Алан Дзагоев (Русия), Марио Гомес (Олмон), Марио Манҷукич (Хорватия) ва Криштиан Роналду (Португалия) бо 3-голӣ пешсафанд. Аз рӯи нишондоди гол+пас Марио Гомес ва Криштиан Роналду бо натиҷаи якхелаи 4 (3+1) дар ҷойи аввал мебошанд.
XS
SM
MD
LG