Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Истеҳзои имоми шиаҳо дар Фейсбук дарди сар овард


Муаллифи як саҳфаи пурсару садо дар Facebook мегӯяд, мақомоти Эрон ба ҷойи ӯ аҳли хонаводаашро таъқиб мекунанд.

Ба гуфтаи Яшар Хоманӣ, як ҷавони эронӣ, ки ахиран дархости паноҳандагии сиёсӣ дар Ҳуландро кардааст, панҷ ҳафта боз падараш дар маҳбас нигаҳ дошта мешавад ва таҳдид кардаанд, ки агар саҳифаи писараш дар Facebook баста нашавад, ӯ аз чаҳордевори зиндон берун нахоҳад рафт.

Дар саҳифаи Яшар “Имом Нақӣ” дар Facebook аз номи Имоми шиаҳо мавзӯъҳои гуногун – аз вазъи ҳуқуқи занон то таҳримҳо алайҳи Эрон ҳаҷву истеҳзо мешаванд. “Имом Нақӣ” тақрибан 20 ҳазор хонандаи доимӣ дорад, вале дар Эрон бисёриҳо онро пинҳонӣ боз мекунанд, зеро аз ин пеш ному насаби бархе аз алоқамандони он барои мақомоти амниятӣ ошкор шуда буд.

Яшар Хоманӣ мегӯяд, ҳадафи ӯ аз боз кардани ин саҳифа дар Facebook - шикастани табу ба баъзе мавзӯъҳо дар Эрон аст. Аммо ӯ аз он нигарон аст, ки аҳли хонаводааш дар Эрон мавриди таъқибу фишор қарор дорад. Бори аввал, ба гуфтаи Яшар, мақомоти амниятӣ падарашро дар он айбдор кардаанд, ки барои “аъмоли зиддимазҳабӣ” ба писараш пул фиристодааст. Аммо ин маблағ, мегӯяд Яшар, барои таҳқиқоти ман дар Аврупо зарур буд. Баъд аз чанд муддат - рӯзи 26-уми май бошад, падари Яшарро боздошт карда ва гуфтанд, то замоне ки ин саҳифа дар Facebook баста нашавад, ӯ рӯи озодиро нахоҳад дид.

Яшар Хомнӣ (аз тарафи рост) бо ҳамроҳии падараш
Яшар Хомнӣ (аз тарафи рост) бо ҳамроҳии падараш
Яшар мегӯяд, ба хотири раҳоии падараш маҷбур шуд сабти видеоӣ бо таассуф аз амалкардашро ба Эрон фиристад. Чун баъд аз ин ҳам падараш дар маҳбас боқӣ монд, Яшар бо интишори як номаи саркушода дар Facebook аз фишор болои хонаводааш дар Теҳрон хабар диҳад. Ҳодӣ Қиёмӣ, як масъули созмони “Маъракаи байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Эрон” мегӯяд, ки тайи се соли охир ҳукумати Эрон барои назорати интернет дар дохил ва хориҷи кишвар ва ташкили торнамоҳои худӣ маблағи бузурге сарф намуд, то ба ин васила аз интиқоди Эрон дар дигар кишварҳо ва дигарандешӣ дар кишвар ҷилавгирӣ кунад. Қиёмӣ мегӯяд, онҳо айни ҳол қазияи фишор болои хонаводаи Яшар Хоманиро тафтиш мекунанд.

Зимнан, чанде қабл рэпхони маъруф Шоҳин Наҷафӣ аз саҳифаи Яшар илҳом гирифта, дар бораи Имом Нақӣ таронае офарид, ки вокунишҳои зидуннақиз ба миён овард - баъзеҳо дар Эрон онро барои беэҳтиромӣ ва тавҳин ба Имом Нақӣ маҳкум карданд, аммо бархи дигар аз он ҳамчун рахна дар табу ё хурофоти иҷтимоӣ истиқбол намуданд.

Яке аз наворҳои Хомнӣ:



Наҷафӣ, ки аз соли 2005-ум дар Олмон ба сар мебарад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафаш таҳқири муқаддасоти исломӣ набудааст ва дар гузашта таронаи ҳамсоне бо номи “Маҳдӣ” низ сурудааст. Ӯ мегӯяд, ҳеҷ интизор надошт, ки эҷоди таронаи “Имом Нақӣ” барояш чунин паёмади ғайриинтизор хоҳад дошт - паёмад ин шуд, ки рӯҳониёни муҳофизакор барои қатли Шоҳини Наҷафӣ 100 000 доллар ҷоиза таъйин кардаанд. Торнамои муҳофизакорон Shia-online навиштааст, ҷоизаро арабе аз яке аз кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс, ки аз ӯ ном бурда намешавад, тақдим хоҳад кард.

Хабаргузории Форс низ чанде пеш хабар дод, ки оятуллоҳ Сафии Гулпоягонӣ нисбати Наҷафӣ фатво дода, ӯро мункири дин эълон кардааст, ки ҷазои ин дар Эрон қатл аст. Ба навиштаи Форс, “ӯ гуфтааст, ҳар касе ки имомро таҳқир мекунад, кофир аст.”

Аммо маълум нест, Яшарро дар сурати бозгашт ба Эрон чӣ сарнавиште интизор аст. Ба гуфтаи ӯ, бархе аз кормандони вазорати иттилооти Эрон исрор доранд, ки ба кишвар баргардад.
XS
SM
MD
LG