Пайвандҳои дастрасӣ

То интихобот 15 моҳ мондааст, аммо то ҳол ҳеҷ довталабе бо шиори мушаххасе ба майдон набаромадааст.

Дар рӯзҳои таҷлил аз 15-умин солгарди “Рӯзи Ваҳдат” боз ҳам таъкид шуд, ки мусолиҳаи миллӣ ва ризояти миёни тоҷикон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ дар ҷои аввал аст ва эҳтимол дар интихоботи раёсати ҷумҳури 2013-ум низ ҳифзи сулҳу суботи кишвар ба ҳайси мавзӯи асосӣ боқӣ монад.

27-уми июни соли 1997-ум дар шаҳри Маскав раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ва раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, Саид Абдуллоҳи Нурӣ, дар Созишномаи умуми сулҳ ва ризояти миллии миёни тоҷикон имзо гузошта, ба ҷанги панҷсолаи бародаркуш хотима гузоштанд. Дар давоми 15 соли гузашта шумори зиёди иштирокчиёни раванди оштӣ аз сиёсат дур шуда ва як насли нави тоҷикон ба воя расидааст, ки барояш ҷанги шаҳрвандиву оштии миллӣ як ҳодисаи таърихӣ мебошад.

Муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, Сайфулло Сафаров, қабул дорад, ки танҳо бо таърифу тавсифи сулҳу ризояти миллӣ зиндагӣ пеш намеравад. Ӯ мегӯяд, ҳукумати зери раҳбарии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барномаи муфассали рушди иқтисодии кишварро тарҳрезӣ намудааст, ки солҳои оянда дар пайи иҷрои он хоҳад буд: “Президенти Тоҷикистон ва ҳукумати зери раҳбарии ӯ се самти бузурги рушди иқтисодии кишварро бар ӯҳдаи худ гирифтаанд: Берунрафт аз бунбасти коммуникатсионӣ, сониян, истиқлолияти энергетикӣ, ки новобаста ба такмили сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳам онро ба даст хоҳем овард ва сеюм, мо бояд амнияти озуқавориро таъмин намоем. Мо рушди саноат ва ба вуҷуд овардани ҷойҳои кориро мисол оварда метавонем. Ҳамчунон фарз кардем дар вилояти Суғд алакай масъалаи камбуди барқ аз байн рафтааст, чунки тамоми муассисаҳои ин вилоят ба ангишт гузаронида мешаванд."

Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров

Соҳибкор Муҳаммадюсуфи Ҳаким, ки дар раванди сулҳи тоҷикон ба ҳайси намояндаи мухолифин вазифаи сухангӯи Комиссияи оштии миллиро бар ӯҳда дошт, мегӯяд, воқеан ҳукумати Тоҷикистон барои истиқлоли энергетикии кишвар талош дорад, вале ин иқдомҳо барои таъмини мардум бо шуғли муносиб саҳми бузурге намегузоранд. Вай мегӯяд, "мо нерӯгоҳҳои зиёд сохта истодаем: Роғун, Дарбанд-1, Дарбанд-2 ва дигару дигар, то ба ин восита истиқлоли энергетикӣ ба даст орем, лекин корхонаҳои дигари саноатӣ куҷоанд? Чаро то имрӯз қариб ду миллион мардуми тоҷик бо хориву зорӣ ба азобу шиканҷа дар Русияву дигар ҷойҳо кор мекунанд. Чаро мо имрӯз фикри онро накунем, ки нерӯи арзони кории тоҷикон на дар кишварҳои дигар, балки дар Тоҷикистон истифода шавад."

Дар интихоботи гузаштаи президентиву парламентии Тоҷикистон муҳоҷирони кории тоҷик зиёд фаъол набуданд, зеро ҳавзаҳои раъйдиҳӣ фақат дар чанд шаҳри ҳисобии Русия ташкил шуда буду дар ҳамон шаҳрҳои калони Русия ҳам амалан ягон нерӯе бо онҳо кор накард. Коршиносон садҳо ҳазор мардикори тоҷикро, ки солона барои рӯзгузаронии оилаҳояшон ба Тоҷикистон беш аз ду миллиард доллар мефиристанд, ба гурӯҳи раъйдиҳандагоне шомил мекунанд, ки дар оянда метавонанд сарнавиштсоз бошанд.

Бар илова, набояд фаромӯш кард, ки дар Тоҷикистон беш аз нисфи аҳолиро ҷавонони то 25-сола ташкил медиҳанд. Бидуни шакку шубҳа онҳо дар маъракаҳои интихобии солҳои оянда: хоҳ он интихоботи президентии соли 2013-ум бошаду хоҳ интихоботи парламентии соли 2015-ум нақши муҳим хоҳанд дошт. Хабарнигори ҷавони тоҷик Абдувалӣ Нодиров мегӯяд, барои дарёфти раъйи ин ҷавонон шояд танҳо барномаҳои таҳкими сулҳу рушди иқтисод низ кифоят накунад: “Мо танҳо бо таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлоли энергетикӣ сулҳро пойдор карда наметавонем, барномаҳо бояд дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла фарҳангу маорифро дар бар гиранд.”

Ба қавли ин рӯзноманигори ҷавон ба ҷавонон бояд имконе фароҳам оварда шавад, ки онҳо на дар фикри муҳоҷирати корӣ, балки таҳсилу кор дар ватан бошанд ва бар пояи он дар интихобот овоз диҳанд. Масъалаи дигаре, ки Муҳаммадюсуфи Ҳакимро дар иртибот бо сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва аз ҷумла интихоботи президентии соли оянда хотирнишон кард, равобит бо ҷамоҳири ҳамсояи Осиёи Марказӣ аст, ки ба беҳбуд ниёз дорад. Ба қавли ӯ, барои муваффақият дар музокирот бо ҳамсояҳо ва расидан ба натиҷаи дилхоҳ дар иҷрои тарҳҳои бузурги миқёси байналмилалии шабеҳи нерӯгоҳи Роғун ваҳдати тамоми нерӯҳои сиёсии кишвар зарур хоҳад буд.

Аммо ба ақидаи Сайфулло Сафаров Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя дар бозори энергетикӣ ва транзити молу коло бо ҳам рақобат доранд ва то замоне ки ин кишварҳо дар тақсими бозори захираҳои табиӣ, меҳнат ва ғайра ба мувофиқат нарасанд, вазъ тағйир намеёбад. Шояд худи ҳамин нуктаи равобит бо ҳамсояҳо дар барномаҳои довталабҳои курсии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси худро пайдо кунад.

Ба ин тартиб, то интихоботи президентии Тоҷикистон 15 моҳ монда бошад ҳам, то ҳол довталабон барномаҳои муфассале матраҳ накардаанд. Албатта, инро ҳам набояд фаромӯш кард, ки то кунун фақат Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон ишора кардааст, ки номзадии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси довталаб дар интихоботи президентии соли оянда пешбарӣ мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG