Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳафт соли маҳбас барои рабудани номаҳои Нютон


Дар шаҳри Балтимори аёлати Мэриленди ИМА Баррӣ Ландау, як коллексионер аз Ню-Йорк, барои рабудани ҳазорҳо ҳуҷҷатҳои нодиру гаронбаҳои таърихӣ аз бойгониҳо ба ҳафт соли маҳбас маҳкум шуд.

Барри Ландауро соли гузашта ҳангоми дуздидани асноди нодир аз бинои Ҷамъияти таърихии аёлати Мэриленд боздошт карданд. Тафтишот нишон дод, ки ӯ аз бойгониҳои таърихии шаҳрҳои гуногуни Амрико беш аз чаҳор ҳазор санадро рабудааст, ки арзиши онҳо беш аз як миллион доллар аст.

Миёни асноди рабудашуда, аз ҷумла, ҳуҷҷатҳо бо имзои сарони ИМА Франклин Делано Рузвелт, Абраам Линколн, номаҳои Исаак Нютон ва Чарлз Диккенс низ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG