Пайвандҳои дастрасӣ

Кохи Сафед идомаи хушунат дар Сурияро маҳкум кард


ИМА идомаи хушунат дар Сурияро маҳкум кард. Намояндаи Кохи Сафед Ҷей Карнӣ изҳор намуд, ки бояд ба ҳама гуна хушунат, аз ҷумла, алайҳи ҷонибдорони режими Башор Асад хотима гузошта шавад.

Дирӯз дар шаҳри Друша, воқеъ дар 20 километрии Димишқ, бинои шабакаи телевизионии “Ахбория ТВ” мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт. Дар ин ҳодиса се хабарнигор ва чаҳор муҳофизи бино ба ҳалокат расиданд.

“Ахбория ТВ” аз сиёсати раисиҷумҳури Сурия Башор Асад пуштибонӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG