Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қибрис низ мӯҳтоҷи кӯмаки молӣ шудааст


Сандуқи Байналмилалии Пул рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки ҳукумати Қибрис расман аз ин муассиса кӯмаки молӣ хостааст. Дар баёнияи расмӣ омадааст, Қибрис дар номааш аз Сандуқи Байналмилалии Пул тақозо кардааст, "дар кӯмакҳои хориҷӣ барои боздоштани хатарҳо ба иқтисоди Қибрис" саҳм бигирад. Кишварҳои ҳавзаи евро аввали ин ҳафта гуфтанд, ки Қибрис ният дорад, аз шариконаш дар ин ҳавза кӯмак молӣ бихоҳад. Вазирони молияи ҳавзаи евро, аз тақозои кӯмаки Қибрис аз Сандуқи Байналмилалии Пул истиқбол карда ва гуфтаанд, қадами баъдӣ аз Кумиссиёни Аврупо, Бонки Марказии Аврупо, ҳукумати Қибрис ва Сандуқи Байналмилалии Пул аст, ки сари барномаи кӯмак мувофиқат кунад. Бар асоси ин барнома ҳаҷми кӯмак ва ислоҳоти иқтисодӣ дар Қибрис муайян мешавад.
XS
SM
MD
LG