Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи Сурия дар Женева баррасӣ хоҳад шуд


Кофӣ Анон, фиристодаи вижаи Созмони Милал барои Сурия, таъйид кард, ки рӯзи шанбе дар нишасте дар сатҳи вазирон дар шаҳри Женева вазъи Сурия баррасӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи Кофӣ Анон, ҳадаф аз Гурӯҳи амал дар Сурия, ташхиси “роҳҳои иҷрои комили” барномаи шашбандии сулҳи Созмони Милал дар он кишвар ва аз ҷумла хотимаи фаврии муноқиша дар он кишвар аст. Бино ба гузоришҳо ба ин нишаст намояндагони Эрону Арабистони Саудиро даъват накардаанд. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфтааст, кишвараш дар нишасти Женева ширкат мекунад ва хостааст, то Эронро низ ба он даъват кунанд. Айни замон, муфаттишони Созмони Милал имрӯз ба Шӯрои Ҳуқуқи Башари ин созмон дар шаҳри Женева гуфтаанд, ки нерӯҳои ҳукуматии Сурия, тайи се моҳи гузашта ҳуқуқи инсон дар кишварро ба таври фоҳиш зери по кардаанд.
XS
SM
MD
LG