Пайвандҳои дастрасӣ

Амри дардноки додгоҳ ба нахуствазири Покистон


Додгоҳи Олии Покистон ба нахуствазири нави ин кишвар ду ҳафта фурсат додааст, ки бигӯяд, ки аз мақомоти Швейтсария хоҳад хост, парвандаи фасодкорӣ алайҳи раиси ҷумҳур Осиф Алӣ Зардориро боз мекунад, ё на? Ифтихор Чудрӣ, раиси додгоҳ, рӯзи чаҳоршанбе гуфт, интизор дорад, ки Раҷа Парвиз Ашраф, нахуствазири тозаинтихоби Покистон, барои боз кардани парвандаи фасодкории раиси ҷумҳур иқдом мекунад. Маълум нест, ки Парвиз Ашраф, як узви баландпояи Ҳизби Мардумии Покистон, ҳизби ҳоким ба додгоҳ чӣ хоҳад гуфт. Аммо худи ҳизб гуфтааст, ки бар асоси қонун раиси ҷумҳур масуният дорад ва таъқиби ҷиноии ӯ мумкин нест. Додгоҳи Олии Покистон чанде пеш Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири пешинро барои боз накардани парвандаи фасодкории раиси ҷумҳур рӯзи 19 июн аз ҳаққи вакилӣ ва ҳамингуна аз ҳаққи нахуствазирӣ маҳрум карда буд.
XS
SM
MD
LG