Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти Тоҷикистону Русия дар бунбаст


Як фармондеҳи олирутбаи Русия мегӯяд, кишвараш намедонад, ки пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон хоҳад монд, ё не? Генерал Владимир Чиркин, фармондеҳи нерӯҳои заминии Русия, гуфтааст, давлати Тоҷикистон дар музокирот дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи 201 талаботи ба гуфтаи ӯ “ғайриқобилиқабул” барои Маскав пеш гузоштааст. Бино ба гузоришҳо, давлати Тоҷикистон мехоҳад, Русия баъди соли 2014 баъди хотимаи мӯҳлати пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон солона 300 миллион доллар бипардозад. Пойгоҳи мазкур бо бештар аз 6 ҳазор сарбоз бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ аз қаламраваш мебошад.
XS
SM
MD
LG