Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯхти мушакҳои Тоҷикистонро безарар мекунанд


Порлумони Русия созишномаи байниҳукуматӣ бо Тоҷикистонро тасвиб кардааст, ки бар асоси он ду тараф маводи сӯхти мушакҳои дорои бериллиум дар Тоҷикистон безарар мекунанд. Шӯрои Федератсия, палатаи болоии порлумони Русия дар торнамои худ хабар додааст, ки бар асоси ин созишнома аз соли 2005, Тоҷикистону Русия дар ду марҳила сӯхти мушакҳо ва маҳсулоти дорои бериллиум, як моддаи хатарноку кушандаи кимиёвиро, ки дар яке аз корхонаҳои Тоҷикистон нигаҳ дошта мешаванд, безарар гардонанд. Дар Тоҷикистон созишномаи мазкурро соли 2006 тасвиб ва имзо кардаанд. Маълум нест, дар Тоҷикистон чӣ қадар аз ин навъи сӯхти мушакҳо ва маҳсулоти дорои бериллиум нигаҳ дошта мешавад.
XS
SM
MD
LG