Пайвандҳои дастрасӣ

Бозпурсии ронандаҳои Мерседес дар робита ба қатли Х.Сафаров


Холмӯъмин Сафаров

Холмӯъмин Сафаров

Мақомоти тафтишотӣ ҳанӯз парда аз ҷараёни таҳқиқи куштори хешованди наздики раисиҷумҳур набардоштаанд.

Бархе аз ронандагони худрав (мошин)-ҳои "Мерседес Бенс-190", ки ранги сафед доранд, мегӯянд, маъмурони пулис ба бозпурсии онҳо дар робита ба қатли Холмӯъмин Сафаров, роҳбари муассисаи хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, шурӯъ кардаанд.

Холмӯъмин Сафаров, ки шавҳари хоҳари раисиҷумҳури Тоҷикистон аст, шаби 13-уми июн дар наздикии манзилаш, маҳаллаи "Автовокзал"-и шаҳри Душанбе кушта шуд. То ҳол мақомот сабабҳои ин кушторро ошкор накардаанд ва ҳам нагуфтаанд, ки оё дар робита ба ин ҳодиса нафаре боздошт шудааст ё на.

Як сокини Душанбе ва соҳиби худрави "Мерседес-Бенс", ки нахост номаш ифшо шавад, рӯзи 27-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ахиран ҳамроҳ бо ӯ ҳудуди 40 нафар соҳибони чунин навъи мошин мавриди бозпурсӣ қарор гирифтаанд.

Ин ронандаи худрави тамғаи “Мерседес-Бенс” мегӯяд, рӯзи боздошт ӯ ва ҳудуди 40 нафари дигарро дар идораи шаҳрии Бозрасии Давлатии Автомобилӣ аз соати 1-и рӯз то 9-и шом нигоҳ дошта, пурсуҷӯ карданд ва баёнот гирифтанд, ки шоми кушта шудани Холмӯъмин Сафаров дар куҷо буданд ва чӣ кор мекарданд.

Ҳамсӯҳбати мо, ки нахост номаш ошкор шавад, афзуд, дар ҷараёни бозпурсӣ нақши ангуштонаш низ нусхабардорӣ шуда, нишонии зисташ сабт ва баъдан ҷавоб шудааст. Ба қавли ин ронанда, муносибати муфаттишон "боадабона ва бедағалӣ" ҷараён доштааст. Ӯ мегӯяд, "рӯзҳои баъдӣ низ мошини моро маъмурони БДА зиёд қарор дода ва мепурсиданд, ки Шумо дар робита ба қазияи қатли Сафаров бозпурсӣ шудаем ё на ва чун ҷавоби мусбат мегирифтанд, раҳо мекарданд."

Куштори Холмӯъмин Сафаров, раҳбари муассисаи хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва шавҳари хоҳари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар наздикии манзили зисташ рух дод. Бархе ҳадс мезананд, ки эҳтимол дорад ин куштор кори дасти душманони раҳбари давлат бошад. Ин нахустин куштори як хеши наздики президенти Тоҷикистон аст.

Вале дар айни замон, масъулони сохторҳои интизомии Тоҷикистон аз афзоиши ҷинояткорӣ дар кишвар изҳори ташвиш мекунанд. Дар моҳи гузашта Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, зимни дидор бо донишҷӯён аз онҳо хост, то назму тартиботро риоят кунанд. Ин вазорат барои ҷилавгирӣ аз ҳама гуна мавориди ноамнкунанда ва ҷиноят телефони боварӣ ё иртиботи мустақим бо шаҳрвандонро низ барои 24 соат фаъол кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG