Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Толибони Покистон қабиласолореро куштанд


Толибони Покистон масъулияти қатли як фармондеҳи аз қабилаҳои муқобили ин гурӯҳ дар Покистонро бар дӯш гирифтанд. Ба гузориши бахши покистонии Радиои Озодӣ, ҷасади Фаҳимур Раҳмонро рӯзи чаҳоршанбе бо осори тир дар баданаш дар назди яке аз роҳҳо дар шаҳри Пешовар ва дар наздикии марзи Афғонистон пайдо карданд. Таҳрики Толибон масъулияти қатли Фаҳимур Раҳмонро бар дӯш гирифт, ки барои роҳ надодани Толибон ба минтақаи Бора як, минтақаи қабоилнишини Покистон меҷангид.
XS
SM
MD
LG