Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳои шадид дар Сурия идома доранд


Бино ба гузоришҳо, ҷанги шадиде миёни шӯришиён ва нерӯҳои давлатии Сурия дар ҳошияҳои шаҳри Димишқ пойтахти ин кишвар идома дорад. Рӯзе пештар Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, кишвараш дар шароити ҷангӣ қарор дорад ва ба ҳукумати навтаъсисаш амр дод, тамоми талошҳояшро барои фӯру нишондани қиёмҳо сафарбар кунад. Хабаргузории расмии САНА гузориш дод, ки субҳи чаҳоршанбе афроди мусаллаҳ ба телевизиони ҳукуматгарои Ахбория ҳамла карда ва се корманди онро куштаанд. Айни замон бино ба гузоришҳо, ҷанги шадиде миёни сарбозони Горди ҷумҳуриявии Сурия бо шӯришиён дар наздикии Димишқ идома дорад. Дигар ин ки, гурӯҳи Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал имрӯз доир ба ҷузъиёти нав аз қатли оми 108 нафар, асосан занону кӯдакон дар шаҳри Ҳулаи Сурия ошкор кунад.
XS
SM
MD
LG