Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тошканд натиҷаҳои таҳқиқ роҷеъ ба Роғунро чоп кард


Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун.

Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун.

Вазорати умури хориҷии Узбакистон гуфт, агар Роғун бунёд шавад, дар тобистон оби рӯдхонаи Ому 18% камтар хоҳад шуд.

Вазорати умури хориҷии Узбакистон гуфтааст, дар сурати бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун Тоҷикистон ба бахши кишоварзии Узбакистон ҳар сол то 600 миллион доллар зарар ворид хоҳад кард.

Вазорат бо такя ба гузориши коршиносони донишгоҳҳои Ню Мексико ва Дакотаи шимолии Амрико ин эъломияро дар торнамо (сайт)-и худ нашр кардааст. Дар он омадааст, сохтмони Роғун камбуди об дар Узбакистонро дар пай хоҳад дошт ва он боиси коҳиши даромади нохолиси миллӣ хоҳад гардид.

Дар ин натиҷагириҳо омадааст, агар Роғун ба фаъолият оғоз кунад, дар он сурат дар мавсими тобистон оби рӯдхонаи Ому 18 дарсад камтар мешавад ва дар зимистон баръакс 54 дарсад афзоиш меёбад. "Чунин вазъ ба нафъи Узбакистон нест ва 506 ҳазор гектар замин бекор мемонад ва 336 ҳазор нафар ҷои кори худро аз даст медиҳанд",-таъкид шудааст дар торнамои вазорати умури хориҷии Узбакистон.

Коршиносони ин ду донишгоҳи амрикоӣ ба хулосае расидаанд, ки обанбори Роғун дар 14,5 сол пур хоҳад шуд ва дар ин муддат коҳиши об дар Узбакистон шадидан эҳсос хоҳад шуд.

Дар суханронии ҳайати Узбакистон дар нишасти Бразилия (22-юми июн) низ таъкид шуда, ки дар ин кишвари Осиёи Марказӣ сӣ миллион нафар зиндагӣ мекунанд ва таъмини амнияти озуқа ба об сахт бастагӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳайати Узбакистон гуфтааст, кишварҳои болооби минтақа, яъне Тоҷикистону Қирғизистон, бояд сиёсати худро дар мавриди истифода аз захоири оби минтақа дуруст ба роҳ монанд.

Баҳсҳои миёни Тоҷикистону Узбакистон сари сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз оғоз бидуни тағйири мавқеи ҷонибҳо идома дорад. Узбакистон дар қиёс бо дигар кишварҳои минтақа мухолифи сарсахти ин тарҳ аст. То ин замон даҳҳо муроҷиат ба созмонҳои байнулмилаливу маводи хилофи ин тарҳ дар расонаҳои мухталиф ба табъ расидаанд. Коршиносон матлаби охирини вазорати умури хориҷии Узбакистонро аз ин силсила унвон мекунанд ва меафзоянд, ин охирин матлаб нахоҳад буд.

Ҳатто мухолифати сарсахтонаи Узбакистон ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун Тоҷикистонро маҷбур карда буд, ки соли 2009-ум бо Бонки Ҷаҳонӣ сари ташхиси байнулмилалии ин тарҳ созиш кунад.Зимни як музоядаи Бонки ҷаҳонӣ далелҳои молию фаннӣ (ТЭО)-и нерӯгоҳи Роғун ба зиммаи ширкати фаронсавии "Coyne et Bellier" ва санҷиши зистмуҳитӣ ва иҷтимоии нерӯгоҳ бар ӯҳдаи ширкати швейтсарии "Poyry Energy" вогузор шуд. Натиҷаҳои ибтидоии ташхис мебоист охири соли 2011-ум омода ва имсол ниҳоӣ мешуданд. Ахиран вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, эълом кард, ки натиҷаи ташхиси нерӯгоҳи Роғун моҳи феврали соли 2013-ум анҷом мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG