Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавои Тоҷикистон: гоҳ офтобу гоҳ борон


Ҳавои шаҳри Душанбе имрӯз ҳам боронӣ боқӣ мемонад, аз 22 то 27 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Хуҷанд нимаи аввали рӯз ҳавои офтобӣ дар назар аст ва аммо баъд аз зӯҳр каме борон меборад, ҳарорат то 31 дараҷа боло хоҳад рафт. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа баъд аз зӯҳр ҳаво софу беғубор ва то 32 дараҷа гарм мешавад. Осмони шаҳри Хоруғ абрист, каму беш борон меборад, то 20 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ҳаво чун рӯзҳои пеш абрӣ, бар даъзе минтақаҳо борон меборад, аз 16 то 27 дараҷа гарм мешавад.
XS
SM
MD
LG