Пайвандҳои дастрасӣ

СММ: 227 миллион нафар ҳашиш истеъмол мекунанд


Идораи СММ дар умури мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноёти муташаккил хабар дод, ки ҳамасола аз истеъмоли маводи мухадир дар ҷаҳон 200 ҳазор нафар мефавтанд.

Дар гузориши навбати ин ниҳод гуфта шудааст, ки айни ҳол 27 миллион нафар аз мубталоёни маводи нашъадор ба "гурӯҳи хатар" шомиланд. Муаллифон навиштаанд, ки 227 миллион нафар сокинони сайёра ҳашиш истеъмол мекунанд.

Афғонистон содиркунандаи асосии маводи мухадир ба бозорҳои ҷаҳон маҳсуб мешавад, омадааст дар гузориш.
XS
SM
MD
LG