Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи Сенат "Акти Магнитский"-ро пазируфт


Сергей Магнитский
Сергей Магнитский
Дар кумитаи равобити байнулмилалии Сенати ИМА тарҳи қонуни мавсум ба “Акти Магнитский” якдилона пазируфта шуд.

Бар пояи ин тарҳ алайҳи мансабдорони русе, ки дар куштори ҳуқуқшиноси бунёди Hermitage Capital Сергей Магнитский дар боздоштгоҳ дар соли 2009 даст доранд, таҳримҳои молиявӣ ва маҳдудиятҳо дар дарёфти раводид ҷорӣ хоҳад шуд.

Тарҳи қонун бояд аз сӯи Сенат ҳам пазируфта шавад. Аз ин пеш аз тарҳи қонун аъзои кумитаи умури байнулмилалии Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА ҳам пуштибонӣ карда буданд.

Маскав ҳушдор дода буд, ки пазируфтани “Акти Магнитский” рӯи равобити миёни Русия ва ИМА соя меандозад.
XS
SM
MD
LG