Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарбозони серб дар ҷиноят алайҳи башарият айбдор шуданд


Додгоҳи ҷиноёти низомии Белград

Додгоҳи ҷиноёти низомии Белград

Додгоҳи низомии Сербия 14 сарбози пешини сербро бо иттиҳоми ҷиноёт алайҳи башарият ба мӯҳлатҳои аз 4 то 20 сол маҳкум ба зиндон кард. Онҳо дар куштори 70 хорват дар соли 1991 муҷрим дониста шуданд.

Дар мурофиаи додгоҳӣ гуфта шуд, низомиёни серб 22 сокини деҳаи Ловаси воқеъ дар шаҳрқи Хорватияро маҷбур сохтанд, ки аз минтақаи майнкоришуда убур кунанд. 48 нафари дигарро онҳо дар манзилҳояшон ҳадафи тир қарор доданд.

Муҷримон дар қисмҳои низомие хизмат мекарданд, ки зидди истиқлолияти Хорватия мубориза мебурд. Ҷанг дар Хорватия соли 1991 баъди он шурӯъ шуд, ки ин ҷумҳурии Югославияи собиқ худро мустақил эълон кард.
XS
SM
MD
LG