Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таҳдид"-и Эрон ба Иттиҳодияи Аврупо роҷеъ ба таҳримҳо


Эрон ҳушдор додааст, ки таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо барои содироти нафт ба музокироти қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон дар бораи барномаҳои ҳастаии ин кишвар “асари манфӣ” хоҳад гузошт.

Ромин Меҳмонпараст-сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе дар бораи ин таҳдидҳои Теҳрон изҳори назар кард ва он ҳам дар ҳолест, ки аз 1 июли соли ҷорӣ таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо бар зидди Эрон эътибор пайдо мекунад.

Ҳафтае пеш дар Маскав музокироти кишварҳои 5+1 роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон баргузор шуд ва ин музокирот бидуни натиҷа анҷом ёфт.
XS
SM
MD
LG