Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон натиҷаҳои таҳқиқ роҷеъ ба Роғунро чоп кардааст


Вазорати корҳои хориҷаи Узбакистон гуфтааст, ҳар сол Тоҷикистон ба бахши кишоварзии Узбакистон то 600 миллион доллар метавонад зарар ворид кунад. Вазорат бо такя ба гузориши коршиносони донишгоҳҳои Нию Мексико ва Дакотаи шимолии Амрико ин эъломияро дар сомонаи худ нашр кардааст. Дар он омадааст, сохтмони Роғун камбуди об дар Узбакистонро дар пай хоҳад дошт ва он боиси коҳиши даромади нохолиси миллӣ хоҳад шуд.

Дар ин натиҷагириҳо омадааст, агар Роғун ба фаъолият оғоз кунад, дар он сурат дар мавсими тобистон оби рӯдхонаи Ому 18 дарсад камтар мешавад ва дар зимистон баръакс 54 дарсад афзоиш меёбад. Чунин вазъ ба нафъи Узбакистон нест ва 506 ҳазор ҳектор замин бекор мемонад ва 336 ҳазор нафар ҷои кори худро аз даст медиҳанд.

Коршиносони ин ду донишгоҳи амрикоӣ ба хулосае расидаанд, ки обанбори Роғун дар 14,5 сол пур хоҳад шуд ва дар ин муддат коҳиши об дар Узбакистон шадидан эҳсос хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG