Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Карзай, хешутаборбозӣ ва тендери кони нафти Ому


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон

Ҳомид Карзай ҷойи доштани хешутаборбозӣ дар интихоби ширкатҳои истихроҷкунандаи нафт дар Афғонистонро беасос хонд.

Дар ҷавоб ба иттиҳоми хешутаборбозӣ дар истихроҷу коркарди захираҳои табиии Афғонистон охири ҳафтаи гузашта президент Ҳомиди Карзай ҳамроҳ бо сафирони Амрико ва Бритониё посух дод, ки созиши истихроҷи нафти Дарёи Ому ошкоро ва дар чорчӯби қонунҳои Афғонистон сурат гирифта ва ширкати чинӣ дар он пирӯз шудааст.

Дар як таҳаввули дигар моҳи равон идораи амнияти миллии Афғонистон аз додситонии ин кишвар дархост намуд, ҷангсолори шимоли Афғонистон Абдурашид Дустумро, ки бо бозбидеҳӣ дар муқобили созишномаи ҳамкорӣ дар коркарди захираҳои маъдании ин қисмати Афғонистон муттаҳам мешавад, тафтиш кунад. Дар як сӯҳбат бо Акбари Айёзӣ, раиси бахши барномаҳои Осиёи Ҷанубии Радиои Озодӣ, аз ӯ хоҳиш кардем, бигӯяд, ки чаро президент Карзай ба ин масъала руҷӯъ кард?

Акбар Айёзӣ: “Дар Афғонистон усулан ҳангоми интихоби ширкати иҷрокунандаи тарҳ, музояда ё худ тендер барпо мешавад ва дар он ҳар ширкате пирӯз мешавад, ки шароити беҳтар ва арзонтареро пешниҳод кунад. Гумон дорам, дар тендери Дарёи Ому воқеан ширкати чинӣ пирӯз шудааст. Вале ҳанӯз ҳам ҷомеаи Афғонистон зери нуфузи ҷангсолонрону афроди нерӯманд аст ва дар ҳамин авохир ҷангсолори шимоли Афғонистон Абдурашиди Дустум изҳороте пахш намуда, исрор меварзид, ки захираҳои табиии шимоли Афғонистон марбут ба сокинони шимоли ин кишвар аст. Ӯ ҳукуматро танқид намуда, як ташаннуҷе миёни ҳукумат ва худаш эҷод кард. Дустум аз президенти Афғонистон Карзай талаб кард, бо сароҳат бигӯяд, ки қарордод тибқи қонунҳои Афғонистон шудааст. Аз ин ҷиҳат президенти Карзай бо сафирони Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё мулоқот намуда, возеҳ кард, ки ҷангсолрон ҳақ надоранд ба ин масъалаҳо даст зананд.”


Акбар Аёзӣ

Акбар Аёзӣ

Радиои Озодӣ: Бале, гурӯҳҳои зери назорати Абдурашид Дустум навиштаанд, дар ширкати чиние, ки дар тендери Дарёи Ому пирӯз эълон шуд, хешовандони президент Карзай саҳмдор ҳастанд ва шояд таваҷҷӯҳи Карзай ҳам маҳз ҳимояи манфиатҳои наздиконаш бошад. Дар ин бора чӣ мегӯед?

Акбар Айёзӣ: “То ҷое медонам, қарордод бо ширкати чинӣ имзо шудааст. Оё дар ин ширкат хешовандони Карзай саҳмия доранд ё не, намедонам.”

Радиои Озодӣ: Оё ширкатҳои Афғонистон қудрати истихроҷу коркарди заираҳои табиии ин кишварро надоранд, ки музоядаҳо асосан миёни ширкатҳои хориҷӣ сурат мегиранд?

Акбар Айёзӣ: “Ба фикри ман, феълан дар Афғонистон ширкатҳои тавоное, ки қудрати фаннӣ ва сармояи кофӣ барои истихроҷу коркарди конҳои бузургро дошта бошанд, зиёд нестанд. Ширкатҳои хориҷӣ технологияҳои хуб доранд, нархи муносиб пешниҳод мекунанд ва баъзан дар чунин ширкатҳои номӣ сармоягузорони афғон низ ҳамроҳ мешаванд. Аз ин рӯ, боз ҳам дар ҷавоб ба суоли пештараатон шояд кадоме аз хешовандони президент Карзай ба чунин ширкатҳо пайваста бошад. Хулоса, ширкатҳои маҳаллии Афғонистон қудрати коркарди чунин конҳои бузургро надоранд.”

Радиои Озодӣ: Баъзе шореҳон тахмин мекунанд, ки мухолифати Дустум ба тарҳи нафти Дарёи Ому аз он сарчашма мегирад, ки Узбакистон намехоҳад Афғонистон истихроҷи нафт аз ин кони наздик ба марзҳои Узбакистонро шурӯъ кунад ва ин ҷангсолори узбактабори афғон дар амал аз манфиати кишвари ҳамсоя дифоъ мекунад. Дар мавриди дахолати кишварҳои хориҷӣ ва аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ ба умури Афғонистон чӣ гуфта метавонед?

Акбар Айёзӣ: “Мутаассифона, дар Афғонистон гурӯҳҳое ҳастанд, ки аз манфиати кишварҳои хориҷӣ дифоъ мекунанд. То ҷое шунидаам, ҷангсолори узбактабор Дустум бо кишвари ҳамсояи Узбакистон иртибот дорад. Албатта ин фикри шахсии ман аст: Шояд шореҳон бар асоси гуфтаҳои Дустум ба ин хулоса омадаанд ва он ҳам шояд бепоя набошад. Ҳамин гуна гурӯҳҳое ҳастанд, ки бо Эрон, Покистон ва ҳатто бо Тоҷикистон иртибот доранд, ки мутаассифона кори хуб нест. Ба фикрам, ин кор на ба нафъи ҳамон кишвар ва на ба нафъи ин кишвар аст.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG