Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Эътилоф хост, президент зидди шиканҷа изҳорот диҳад


Эътилофи созмонҳои ғайридавлатӣ аз Эмомалӣ Раҳмон хостанд, барои пешгирӣ аз шиканҷа қадами ҷиддитаре гузорад.

Чордаҳ созмони ғайридавлатии Тоҷикистон аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, барои пешгирӣ аз мавридҳои шиканҷа, ки ба гуфтаи онҳо ба обрӯи кишвар ҳам латма мезанад, иқдомҳои ҷиддитареро рӯи даст бигирад. Ин аст, ки созмонҳо дар номаи худ ба унвонии раисиҷумҳур се пешниҳод барои мубориза бо шиканҷа ва кцмак ба қурбониёни шиканҷаро ҳам ироа кардаанд:

1. Бояд барномаи давлатии фарогир ва дарозмуддати мубориза бо шиканҷаро бо ҷудо кардани буҷаи давлатӣ ва ҷадвали ҳисоботдиҳӣ қабул кунед;

2. Барои нозирони мустақил аз ҷомеаи шаҳрвандӣ дастрасӣ ба тамоми муассисаҳои пӯшида, қабл аз ҳама маҳбасҳо, боздоштгоҳҳои тафтишотӣ, дармонгоҳҳои бемориҳои рӯҳӣ ва ғайраро таъмин созед;

3. Бунёди махсус барои расонидани кӯмак ба қурбониёни шиканҷа созмон ёбад.


Дар баробари ин, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аз президент Раҳмон хостаанд, "ба интиқоди умумии шиканҷа" пайваста ва роҷеъ ба "таҳаммулнопазирии комил" нисбат ба шиканҷа дар кишвар изҳороти расмӣ диҳад. Ин созмонҳо дар номаи худ ба раисиҷумҳури Тоҷикистон навиштаанд, бо вуҷуди баъзе тадбирҳои давлат шиканҷа дар ҷомеа мушкили паҳншуда ва системавӣ боқӣ мемонад.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, дар натиҷаи фаъолияти худ Эътилоф муайян кардааст, ки “шумораи шикоятҳо оид ба шиканҷа, ки созмонҳои ҷамъиятӣ ба қайд гирифтаанд, аз омори расмие, ки мақомоти давлатӣ пешниҳод мекунанд, бамаротиб бештар аст. Ин баёнгари он аст, ки давлат вазъи воқеиро оид ба мушкили мазкур пинҳон медорад."

Инчунин ба гуфтаи онҳо, теъдоди парвандаҳои ҷиноятии оғозшуда аз рӯйи ҳолатҳои истифодаи шиканҷа ба вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад. "Ба ин тариқ, беҷазоии шахсони мансабдор низ мушкили системавӣ шудааст, ки ба густариши минбаъдаи шиканҷа мусоидат мекунад",-омадааст дар нома.

Ҳамзамон Эътилоф даъват ба амал меорад, ки мулоҳизоти Кумитаҳои Созмони Милал оид ба ҳуқуқи инсон иҷро гардида, тавсияҳо аз рӯйи шартномаҳои байнулмилалӣ дар бахши ҳуқуқи инсон ва тартиботи махсуси Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон амалӣ карда шаванд. Муроҷиати созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ба раисиҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи 26-уми июн, рӯзи байнулмилалии ҳимоят аз қурбониёни шиканҷа, иттифоқ уфтодааст.

Қонуни асосии Тоҷикистон истифода аз шиканҷаро манъ кардааст, аммо ба навиштаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон дар амал боздоштшудаҳо мавриди лату кӯб, таҳдид ва навъҳои гуногуни шиканҷа қарор мегиранд, то ба иттиҳоми ворида иқрор кунанд.

Моҳи майи соли ҷорӣ Вазорати умури хориҷии Амрико низ дар гузориши солонаи худ ба нақл аз додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода гуфта буд, ки дар соли 2010-ум 48 аризаи марбут ба шиканҷа таҳқиқ ва танҳо 13 шикоят тасдиқи худро ёфтааст. Аммо, ба таъкиди гузориш, мақомот ба дастрасии бештар ба маълумоти марбут ба шиканҷа роҳ намедиҳанд ва мухолифи ширкати созмонҳои ҳуқуқи инсон дар пажӯҳиши ин шикоятҳоянд.
XS
SM
MD
LG