Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расидагӣ ба корхонаҳои Низомхон Ҷӯраев ба поён расид


Низомхон Ҷӯраев
Низомхон Ҷӯраев
Расидагӣ ба фаъолиятҳои молии корхонаҷоти вобаста Низомхон Ҷӯраев-вакили пешини Маҷлиси вилоятии Суғд ва роҳбари пешини корхонаи кимиё ва тавлиди спирт дар ноҳияи Исфара аз сӯи мутахассисон ва ҳайати бозрасони Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба анҷом расидааст.

Манобеи огоҳ мегӯянд, ки тайи беш аз ду моҳи бозрасии фаъолиятҳои тиҷоратии Низомхон Ҷӯраев чизе бештар аз дувуним миллион сомонӣ зарар ба давлат ва он ҳам напардохтани молиёт ва ворид кардани маҳсулот аз роҳи қочоқ ошкор шудааст. Ин манбаъ афзуд дар маҷмӯъ эҳтимол меравад, ки ҷамъи зарари расонидаи Низомхон Ҷураев як каме бештар аз панҷ миллион сомониро ташкил бидиҳад.

Зимнан худи Низомхон Ҷӯраев иқрор карда буд, ки дар рафти фаъолияти тиҷоратиаш баъзе аз камбудиҳо аз ҷумла пинҳон кардани молиёт ва воридоти ашёи хом аз роҳи қоқоч ҷо доштанд, вале вай иттиҳомоти тафтишот дар солҳои 2007-2008 дар мавриди ҳаҷми зарари расонида ӯро, ки аз 45 миллион сомонӣ бештар баровард карда буд, нодуруст ҳисобид. Вай гуфта буд, ки дар ин муддат қисме аз маблағи зарари расида ба давлатро баргардонидааст ва дар сурати ҳиоби дақиқ бақияи онро ҳам пардохт мекунад.
XS
SM
MD
LG