Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия барои суқути ҳавопаймояш ба НАТО муроҷиат кард


Туркия аз паймони НАТО хостааст, ки масъалаи сарнагун сохтани ҳавопаймои низомиаш таввасути Сурия дар ҳафтаи гузаштаро ба унвони ҳамла ба ин паймон баррасӣ кунад.

Дар сурати пазируфтани ин пешниҳоди Туркия аз ҷониби ҳамаи аъзои НАТО, тибқи моддаи 5 Асосномаи НАТО ҳамаи кишварҳои узви ин паймон муваззаф хоҳанд буд, ки аз марзҳои Туркия бар зидди ҳамлаи Сурия ҳимоят кунанд. Булент Аринч-муовини нахуствазири Туркия таъйид кард, ки Анкара тибқи моддаи 5 аз НАТО кӯмак хостааст.

Имрӯз намояндагони НАТО дар Бруссел мулоқот ва дар зимн дархости Туркияро баррасӣ мекунанд. 22 июн Сурия ҳавопаймои Туркияро дар обҳои соҳилии байналшмиллалӣ сарнагун кард.
XS
SM
MD
LG