Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Собирҷон Назаров аз Лондон бо медал хоҳад омад"


Собирҷон Назаров (рост) бо ҳамроҳии устодаш Алӣ Бобоҷонов (чап).

Собирҷон Назаров (рост) бо ҳамроҳии устодаш Алӣ Бобоҷонов (чап).

Алӣ Бобоҷонов, мураббии боксчии тоҷик Собирҷон Назаров, гуфт, умедвор аст шогирдаш аз Олимпиадаи Лондон бо медали биринҷӣ бархоҳад гашт.

Собирҷон Назаров, муштзани тоҷик, ки роҳхати Олимпидаи тобистонаи Лондонро ба даст овардааст, дар толори варзишии мактаби махсуси бокси шаҳри Душанбе тамрин мекунад. Ин варзишгари тоҷик 3-юми феврали соли 1991-ум дар Душанбе ба дунё омада, мактаби миёнаи рақами 24-ро хатм кардааст. Ҳоло ӯ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон таҳсил мекунад.

Собирҷон Назаров се бор - солҳои 2008, 2011 ва 2012-ум қаҳрамони бокси Тоҷикистон миёни ҷавонон шуда, ба дарёфти унвони Устоди варзиши Тоҷикистон мушарраф гаштааст. Ӯ дар сӯҳбат ба мо гуфт, дар аввал ба варзиши бокс ҳамчун хоббӣ муносибат мекард, аммо баъдан ин варзиш ба шуғли доимии ӯ табдил ёфтааст: "Пас аз хатми мактаби рақами 24-и Душанбе ба Олмон барои таҳсил рафта будам. Аммо корам дар он ҷо омад накард ва ба ватан баргаштам. Ҳоло бошад, донишҷӯи курси якуми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳастам."

Собирҷон иброз дошт, ки ба муштзанӣ аз замони мактабхониаш рағбат пайдо карда буд ва дар 17-солагиаш ҷиддан ба тамрини бокс пардохтааст. Мураббии аввалини ӯ - Алишер Темуров будааст, вале 5 сол мешавад, ки ӯ таҳти раҳбарии мураббии варзида Алӣ Бобоҷонов тамрин мекунад. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, муваффақиятҳои ӯ дар ин риштаи варзиш пас аз ғолибият дар сабқати бокс миёни ҷавонони Душанбе оғоз ёфт: "Аввалин мусобиқае, ки иштирок кардам, бо мағлубияти ман анҷом ёфт. Аммо баъдан якумин бор дар сабқати шаҳри Душанбе ғолибият ба даст овардам ва баъд аз он дар чандин озмунҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иштирок карда, муваффақ шудам."



Собирҷон моҳи апрели соли ҷорӣ дар сабқати интихобии олимпии осиёӣ дар Қазоқистон дар вазни то 74 килограмм ҷои севумро ишғол карда, соҳиби медали биринҷӣ ва роҳхат ба Олимпидаи Лондон-2012 гардид. Баъд аз ин дастовард Кумитаи миллии олимпии кишвар Собирҷон Назаровро бо ҷоизаи пулӣ ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ мукофотонид. Инчунин, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Алӣ Бобоҷонов, мураббии Собирҷонро бо унвони «Мураббии шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардонд.

Алӣ Бобоҷонов зимни сӯҳбат бо мо дар мавриди умедвориҳояш аз шогирдаш Собирҷон Назаров дар Олимпиадаи Лондон-2012 гуфт: "Собирҷон варзишгари ояндадор аст. Бо вуҷуди он ки ӯ ҳоло танҳо дар 4 сабқати сатҳи байналмилалӣ ширкат кардаву таҷрибаи зиёди иштирок дар мусобиқоти ҷаҳонӣ надорад, умедворам, ки ӯ аз Олимпида бо медали биринҷӣ бармегардад." Мо низ барои амалӣ шудани ин орзуи наҷиби Алӣ Бобоҷонов ба шогирдаш Собирҷон Назаров дар Бозиҳои сивуми тобистонаи олимпӣ дар Лондон муваффақият мехоҳем.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG