Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Душанбе баррасии парвандаи 12 аъзои Ҳизби Таҳрирро ба поён расонда, онҳоро аз 4 то 14-солӣ маҳкум кардааст.

Додгоҳи шаҳри Душанбе парвандаи як гурӯҳи 12-нафарии муттаҳам ба узвият дар Ҳизби Таҳрирро ба анҷом расонда, ҳукми онҳоро эълон кардааст. Бар пояи ҳукми додгоҳ, ин афрод аз 4 то 14-солӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.

Мақомоти тафтишотӣ ин гурӯҳро бо нашру пахши варақаҳо дар минтақаҳои мухталиф, ки мазмуни даъват ба тағйири низом ва бунёди хилофати исломиро доштааст, муттаҳам меҳисобад.

Додгоҳ ин гурӯҳи 12-нафариро дар содир кардани ҷиноятҳо бо моддаҳои 307-ум, яъне даъватҳои оммавӣ барои роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва 189-ум -- барангехтани кинаву адовати милливу динӣ гунаҳкор ҳисобидааст.

Аммо бар пояи иттиллои яке аз наздикони афроди маҳкумшуда аъзои ин гурӯҳ худро на гунаҳкор, балки маҳбусони сиёсӣ меҳисобанд. Онҳо мегӯянд, ҳеҷ гоҳ даъвати аз роҳи зӯр барканор кардани ҳокимият дар кишварро накардаанд ва ҳукми додгоҳ нисбати онҳо ноодилона мебошад.

Аъзои ин гурӯҳ аз сокинони навоҳии Турсунзодаву Рӯдакӣ, шаҳри Душанбе, навоҳии гуногуни вилояти Суғду Хатлон иборат буда, дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони амниятӣ боздошт шудаанд.

Дар зимн, фаъолияти Ҳизби Таҳрир дар Тоҷикистон аз соли 2001-ум бо қарори Додгоҳи олии ин кишвар мамнӯъ эълон шуда ва афроди узв ва ҳамкор бо ин созмони мамнӯъ низ ҷинояткор дониста мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG